(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст
Чанд тан аз тоҷикони муқими Амрико рӯзи 15 январ бо нишони эътироз аз ҳабси ҳуқуқшиноси тоҷик - Шуҳрат Қудратов дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирди ҳам омадаанд.
Дар ин таҷаммуи эътирозӣ се шаҳрванди Тоҷикистон бо шиорҳои "Мо низ Шуҳрат ҳастем" иштирок дошта, муроҷиати як гуруҳ сокинони кишварро ба парлумон ва раисҷумҳури Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмону сафорати Тоҷикистон дар ИМА ва дигар ниҳодҳои дахлдор, бо шумули Human Rights Watch ва Amnesty International расонидаанд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд масъулини сафорат ба пешвози онҳо набаромаданд, вале нусхаи муроҷиатномаи хешро пушти дари сафоратхонаи кишвар дар Вашингтон гузоштанд.
Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, ҳукми 9 соли зиндони Шуҳрат Қудратов, ҳуқушиноси маъруфи тоҷик сиёсӣ мебошад ва дар рафти баррасии парвандаи ӯ бисёр норавшаниҳо вуҷуд дошт. Мақомоти тафтишотии тоҷик низ натавонистанд, барои нишон додани муттаҳамии вакил далелҳои равшану қотеъ биёранд. Муаллифони нома мегӯянд, додраси парванда дар ҳоле Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндон равона кард, ки тамоми даъвогарон аз даъвои хеш гузаштанд.
Ин шарҳвандони Тоҷикистон хостори бозбинии ҳукми Шуҳрат Қудратов шуда, озодии ӯро эътимоди мардум ба мақомоти судии кишвар хондаанд: “Дар ғайри сурат, мо маҷбур даст ба тазоҳуроти мушобеҳ зада, ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ муроҷиат мекунем ва аз риоя нашудани қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон шикоят мебарем.”
Баргузории пикет дар назди сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар ҳолест, ки чоршанбеи 14 январ Хурсанд Хуррамов, як ҷавони тоҷик бо нишони эътироз аз ҳабси Қудратов назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав омад. Ӯ бо навиштаи "Ман Шуҳрат Қудратов" чанд вақт назди сафорат қарор дошт, аммо ҳеч масъуле наздаш ҳозир нашуд.
Шуҳрат Қудратов, ки дар қаллобӣ ва фасодкорӣ муттаҳам мешуд, 13 январ аз сӯи Додгоҳи Душанбе 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Раҳматилло Зоиров, вакили мудофеи ӯ ҳукми додгоҳ алайҳи зерҳимояашро сиёсӣ хонд.