Раҳимзода дар бораи теъдод ва шарти афви ҷангҷӯёни тоҷики Ироқу Сурия
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан алайҳи 52 шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷанг дар Ироқу Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки аз ин 12 нафарашон дар ҷабҳаи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) меҷанганд.
Раҳимзода гуфт, дар маҷмуъ дар ҷангҳои хориҷи кишвар ҳудуди 200 ҷангҷӯи тоҷик иштирок доранд ва таъкид кард, ки агар ҷангиёни тоҷик ихтиёрӣ ба Ватан баргарданд, афв хоҳанд шуд. Ӯ се нафарро мисол овард, ки соли гузашта аз ҷангҳо дар Сурия ва Ироқ ихтиёран баргаштаанд ва баъди суҳбат бо мақомот раҳо шудаанд.
Ӯ дар идома аз падару модарон ва наздикони ҷангҷӯёни тоҷик даъват намуд, ки барои баргардондани онҳо аз ҷангҳои хориҷӣ мусоидат кунанд.