АКС: Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург рафт
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) барои иштирок дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2015 шоми 15 январ ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, ҳайати 19 нафараи мунтахаби ҷавонон (U-21)-ро дар ин сафар мураббии даста - Алишер Тухтаев ва чанд нафари дигар ҳамроҳӣ кардаанд.
Ҳайати тими ҷавони Тоҷикистон аз ин қарор аст:
Дарвозабонҳо: Дилшод Дадобоев (“Эсхата”), Эмомалӣ Сониев (“Истиқлол”);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарипов (“Регар-ТадАЗ”) Ойбек Абдуғаффор (ДСРТ), Саидхони Амрохон ("Равшан"), Фирдавс Чакалов (СКА “Помир”) Правизҷон Ҳомидов ("Хайр") Дилшодҷон Каримов (“Хуҷанд”) , Бахтиёр Азимов (“Энергетик”);
Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев (“Парвоз”) Вайсиддин Сафаров (“Хуҷанд”), Фаридун Шарипов, Абдуллоҳ Саъид (ҳарду - СКА “Помир”), Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Амирбек Ҷӯрабоев ("Хайр");
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев ("Истиқлол"), Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов (ҳарду - "Регар-ТадАЗ") Меҳроҷиддин Музаффаров ("Хайр").
Тоҷикистон дар ин мусобиқот шомили гурӯҳи “С” буда, бо дастаҳои Африқои Ҷанубӣ, Литва, Қазоқистон сабқат мекунад. Бозии аввали дастаи Тоҷикистон 17 январ бо мунтахаби Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2015 аз 16 то 25 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.