Парвандаи ҷиноӣ барои шахсе, ки монеи мактабравии духтаронаш шудааст
Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд алайҳи як сокини ноҳияи Панҷакент барои монеагузорӣ дар таҳсили фарзандони мактабхонаш парванда боз шудааст.
Тавре манбаи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд хабар дод, Д.Ш., як сокини ҷамоати Лоиқ Шералии Панҷакент давоми 2 соли ахир духтарони 8 ва 9-солаашро нагузоштааст, дар мактаб таҳсил намоянд: “Аз рўи ин далел тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (монеагузорӣ дар таҳсили фарзандон) парванда боз гардида, мақомот сабабҳои онро меомӯзанд”.
Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд дар нишасти солонаи хабариаш гуфт, соли 2014 алайҳи 40 волидайне, ки барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии фарзандонашон монеъ шудаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Ҷаноби Қурбонзода инчунин такид дошт, барои ба таври номатлуб иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзанд 277 падару модар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.