Баррасии рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар суҳбати Зоҳидӣ бо Ку
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ён Ҷон Ку, кордори сафорати Корея дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, дидори Зоҳидӣ бо Ҷон Ку рӯзи 15 январ дар Душанбе сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин дидор масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар робита ба омодагии тарафҳо ба чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ - Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ, ки моҳи апрел дар шаҳри Тегуи Корея баргузор мегардад ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки онро дар моҳи июни соли ҷорӣ Душанбе мизбонӣ мекунад, табодули назар кардаанд.