Нашри маҷаллаи нави тиббӣ дар Тоҷикистон
Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу руй маҷаллае бо номи “Марворид” таъсис додааст, ки шумораи нахустини он бо теъдоди 600 нусха аз чоп баромад.
Ба гуфтаи сармуҳаррири нашрияи навтаъсис, Ҳикматуллоҳи Ҳикматзод, маҷалла моҳе як маротиба рӯйи чоп омада, дар он асосан матолиби соҳаи тандурустӣ нашр мегардад. Ӯ дар суҳбат бо Озодагон таъкид кард, ки “маҷаллаи «Марворид» барои баланд бардоштани маърифати тибии аҳолӣ ва ҳамчунин барои ошно кардани мутахассисони соҳа бо корҳои илмиву дастовардҳои навини марбут ба стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй нигаронида шуда аст”.