Коргардони “Паймон” раҳбари “Суғд синамо” шуд
Ҳукумати вилояти Суғд аз таъсиси киностудияи “Суғд синамо” хабар дод.
Аз дафтари матбуотии раиси вилоят ба “Озодагон” гуфтанд, ҳадаф аз таъсиси киностудия “рушду нумӯи ҳамаҷонибаи санъати филмофарӣ, таҷассуми филмномаҳои баландмазмун, пур намудани фазои холии синамои тоҷик ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон тариқи филмҳои хуб барои ҷаҳонинён мебошад”.
Манбаъ афзуд, “Суғд синамо” бо пешниҳоди як гуруҳ филмофарони ҷавони вилоят ва дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд -- Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Бо қарори раиси вилоят коргардони ҷавони тоҷик -- Муҳиддин Ҷӯраев сарвари “Суғд синамо” таъйин гардидааст. Ҷӯраев филмҳои “Ормонҳо” ва “Паймон”-ро коргардонӣ кардааст, ки аз ҷониби мунақиддон баҳои хуб гирифтаанд.
Гуфта мешавад, киностудияи мазкур дар заминаи театри давлатии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом фаъолияташро ба роҳ мемонад.