“Ҳукми Қудратов паём ба ҳуқуқдонҳост: Аз парвандаҳои сиёсӣ дурӣ ҷӯед”
Дидбони ҳуқуқи башар, ё худ Human Rights Watch бо нашри ҳукми 9 соли зиндон ба Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои машҳур дар Тоҷикистонро зарбаи ҷиддӣ ба адвокатураи тоҷик хондааст.
Ин созмон мегӯяд, парванда ва ҳукми Шуҳрат Қудратов ангезаи сиёсӣ дошта, ба озодии баён ва мустақилияти касби адвокатура дар кишвар зарба зад. Масъулини созмон муътақиданд, ки маърака алайҳи Шуҳрат Қудратов ба фаъолияти касбияш рабт дорад, ки дар парвандаҳои ҳассос, аз ҷумла парвандаи Зайд Саидов ҳамчун вакили дифоъ баромад кардааст. Ин ниҳод зикр мекунад, ки Қудратов дар соли 2011 аз ҷониби Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонун ба унвони “Ҳимоятгари ҳуқуқи сол” мушарраф шудааст: “Бо ҳукми сангин мақомдорони тоҷик талош доранд, ки яке аз фаъолтарин ва мустақилтарин садои адвокатураи Тоҷикистонро хомӯш кунанд.”
Стив Свердлов, масъулин Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, мақомдорони Тоҷикистон бо зиндонӣ кардани Қудратов ба ҷамоаи ҳуқуқшиносон паём фиристоданд, ки аз парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ дурӣ ҷӯянд: “Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бештар аз ҳар вақта ба авдвокатураи мустақилу қавӣ ниёз дорад, ки метавонад бе тарс аз монае ва қасосгириҳои мақомот фаъолият кунад.”
HRW аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, парвандаҳои сиёсӣ алайҳи Шуҳрат Қутратовро қатъ кунаду ӯро озод намояд. Ин созмон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ хостааст, нисбати қазия бетараф набошанд.