Боздошти “мансабдор”-и ВКД бо 18 кило героин ва баҳси мақомот
Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи мухаддири вилояти Маскав аз боздошти Маҳмадӣ Раҳмонов, миллаташ тоҷик, корманди дастгоҳи марказии Вазорати умури дохилии Русия хабар медиҳад.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия мегӯяд, боздоштшуда зодаи Тоҷикистон буда, 10 сол пеш шаҳрвандии Русия гирифтааст ва баъди хатми Донишкадаи идора ва ҳуқуқи Рязан ба хидмат дар Вазорати умури дохилии Русия ворид шудааст: “Ӯ дар пайи як амалиёт, зимни додани як кило ҳероин ба шариконаш боздошт шуда, аз хонаи ӯ 18 кило ҳероини дигар дарёфт шуд. Муайян гардид, ин нафар яке аз таъминкунандаҳои асосии маводи мухаддир дар вилояти Маскав будааст.”
Раёсати назорати маводи мухаддир таъкид мекунад, боздоштшуда пайваста бо масъулини воломақоми Вазорати умури дохилии Русия бевосита омадурафт доштааст.
Аммо дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия бо нашри як иттилоия мансабдори дастгоҳи марказӣ будани боздоштшударо рад карда, таъкид намудааст, ӯ ба ҳайси ронанда кор мекард ва аллакай дар рӯзи боздошт фармони хориҷшавияш аз кор содир шудааст. Ин ниҳод аз Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи мухаддир хоҳиш кардааст, аз пайи таваҷҷуҳи омма нашуда, зимни пахши ахбор касбиятро риоя кунанд.