Баҳси таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Чин дар Душанбе
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Фан Сянжун, сафири Чин дар Душанбе мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар хабар доданд, дидори Аслов бо Сянжун дар шаҳри Душанбе рӯзи 14 январ баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин вохурӣ масоили рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва татбиқи амалии натиҷаҳои мулоқоти сарони ду давлат, ки соли 2014 дар Душанбе ва Пекин баргузор шуда буданд, баррасӣ кардаанд.