Фармони Президент ва бозхонди номзадии Лоиқов аз интихоботи 2015
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон номзадии Қаноатшо Лоиқовро, ки миёни 28 номзади ин ҳизб дар мавқеи 18-ум буд, бозхонд кардааст.
Ин ҳизб сабаби бозхонди номзадии Лоиқовро фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ кардааст, ки тибқи он аз 2-юми январи соли равон Лоиқов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардидааст: “Тибқи қонунгузорӣ як нафар наметавонад, ду курисро ишғол кунад.”
Қаноатшо Лоиқови 44-сола то ишғоли мансаби нав ба ҳайси машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи шӯрои амнияти Тоҷикистон фаъолият дошт.