Даъвати Эшони Нуриддин ба таҳрими таҳқиргарони паёмбар
Дар пайи эълони нашри дубораи карикатураҳои тавҳиномези Муҳаммад (с) аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”, сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо посухи Эшони Нуриддинро ба таҳқиргарони паёмбар нашр кардааст.
Эшошни Нуриддин дар ин паёми аудиоии 10 дақиқаӣ аз тамоми мусулмонон даъват мекунад, аз харидории маҳсулоти кишварҳое, ки муқаддасоти дини мубини Исломро таҳқир мекунанд, худдорӣ варзанд. “Аз ҷавононе, ки садои маро мешунаванд хоҳиш мекунам, ин либосу ғизои истеҳсолкардаи ин палидҳоро нахаред, чун ёрдаме дар гуноҳ ҳисоб мешавад. Ин фатвои ҷаҳони Ислом аст ва касе инро иҷро намекунад, дар рӯзи қиёмат дар қатори он карикатуристҳо мехезад”,- гуфтааст Эшони Нуриддин.
Ин руҳонии маъруфи тоҷик мегӯяд, имрӯзҳо муқаддасоти динии наздик бу ду миллиард мусулмони ҷаҳон аз сӯи кишварҳое таҳқиру тавҳин мешавад, ки даъвои демократию сулҳхоҳӣ дар ҷаҳонро доранд: “Магар озодии сухан ҳамин аст, ки муқаддасоти як динро таҳқир кунӣ?! Барои як қабри яҳудиро дар Фаронса тахриб кардан тамоми дунё ба пой хест. Барои чӣ онҳо даъвои пиёда кардани сулҳ дар оламро доранду муқаддасоти динии наздик ба ду миллиард мусулмонро таҳқир мекунанд?! Боз онҳо демократ ҳастанду сулҳхоҳ.”
Ҳарчанд масъулини торнамо дар бораи замони сабти ин навор чизе нанавиштаанд, вале он рӯзи 13 январи соли равон, дар пайи эълони ноширони маҷаллаи фаронсавии "Charlie Hebdo" дар мавриди нашри дигарбораи карикатураи Муҳаммад (с) дар шумораи нави худ, ба интернет роҳ ёфтааст. Рӯзи 14 январ шумораи нави ин маҷалла бо тасвири тавҳиномези паёмбари мусалмонон бо теъдоди беш аз 3 миллион рӯйи чоп омада, дар кӯчаву хиёбонҳои Фаронса ба таври ройгон тақсим шуд.
Дафтари “Charlie Hebdo”, ки ҳанӯз 4 соли қабл, моҳи ноябри соли 2011 карикатураҳои Муҳаммад (с)-ро нашр кард, зуҳри 7 январ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла, Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд ва аксари расонаҳои ғарбӣ ҳоло далели эҳтимолии ин ҳамлаи хунинро нашри 4 сол қабли ин карикатураҳо эълон доранд.