Боздошти узви гуруҳи “Намоз”, даъвогари давлати исломӣ дар Ваҳдат
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 45-солаи ноҳияи Ваҳдат хабар дод, ки ба баҳонаи ташкили давлати исломӣ молу амволи мардумро ғорат мекардааст.
Ин ниҳод мегӯяд, боздоштшуда Ёрмаҳмад Сайфуллоев сокини деҳаи Чиртаки ноҳияи Ваҳдат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ғайриқонунӣ силоҳ гирифта, дар ҳайати гуруҳи ҷиноии “Намоз” ба латтукӯб ва ғорати мардум даст задааст: “Боздоштшуда ба баҳонаи ташкили ҷабҳа барои давлати исломӣ, бо зӯрӣ дар шаҳраки Обигарм, деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод, ноҳияи Ваҳдат, Ҳисор, ҷамоатҳои Роҳатӣ ва теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ ва маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе мардумро латтукӯб намуда, молу амволашонро гӯиё барои ташкили давлати исломӣ ғасб мекардааст.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан алайҳи Сайфуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар, ки аз дасти Сайфуллоев ҷабр дидаанд, хоҳиш намудааст, ба мақомот муроҷиат кунанд.
Намоз Қурбоналиев, ки боздоштшуда ҳамчун як узви гуруҳаш арзёбӣ мешавад, аз ҷумлаи собиқ фармондеҳони мухолифини замони ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Кофарниҳон мебошад, ки феълан барои ҷиноятҳои вазнин дар солҳои ҷанг зиндонист.