АКС: Аз 15 то 18 соли зиндон ба ғоратгарони НФС “Умед 88”
Додгоҳи ноҳияи Сино афроди муттаҳам дар ҳамла ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед 88”-ро аз 15 то 18 сол равонаи зиндон намуд.
Ба иттилои манбаъ се нафар аз ҷумла Соҳибзода Сиёвуши 21-сола ба 15 соли зиндон, Мустафоқулов Баҳруллои 24-сола ба 17 сол ва Абдуллоев ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
Маҳкумияти се нафар дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан ба иттиҳоми ҳамла ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед-88” воқеъ дар кӯчаи Шестопалов 5 нафарро боздошт намуда буд. Манбаъ гуфта буд, ниқобпӯшҳо нисфи шаби 16-уми октябри соли гузашта бо чӯбу таппончаю корд ба нуқтаи сӯзишворӣ ҳамла оварда, кормандони нуқта - Дамир Каримов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Пирзода Кароматулло, сокини ноҳияи Ваҳдатро бо зарби корд захмӣ намуда, аз хазина беш аз 4 ҳазору 400 сомонӣ бо худ бурдаанд. Вазорат ду рӯзи баъд аз ин ҳамла аз боздошти муттаҳамон- Абдуллоев Фарҳод, Мустафоқулов Баҳрулло, Назаров Мурод, Сиёвуши Одилҷон сокинони ноҳияи Ҳисор ва Баҳодуров Эмомиддин-сокини шаҳри Душанбе хабар дода буд.