Даъвати коммунисти №1 барои баргардонидани олимони тоҷик аз хориҷи кишвар
Шоди Шабдолов, раис ва намояндаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар парлумон илмро нерӯ ва қувваи истеҳсолкунанда хонда, хостори баргардондани олимони тоҷики муқими кишварҳои хориҷ шуд.
Ин дархости Шабдолов дар рафти қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони кишвар садо дод. Раиси ҲКТ гуфт, “мо бисёр олимони барҷаста дорем, ки феълан аз камбуди маблағ ва паст будани маош дар Тоҷикистон маҷбур шудаанд рӯ ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Амрико ва Канада биёранд. Миёни онҳо ҳам доктор ва ҳам номзади илм дар тамоми соҳа ҳаст.”
Ба гуфтаи ӯ, имкони баргардонидани ин олимони тоҷик аз хориҷ ба Ватан вуҷуд дорад ва ҳукумати Тоҷикистон метавонад, танҳо бо муайян кардани ҳаҷми маоши кофӣ онҳоро ба кишвар биёрад: “Механизми соҳаи иҷтимоиро ба роҳ монему як маоши ба зиндагияшон басанда муайян кунем, бармегарданд, дар дили ҳамаи онҳо меҳри Ватану меҳанпарастӣ ҳаст.”
Ин вакили парлумони Тоҷикистон аз суханони шоирон ва донишмандони пешин иқтибос оварда, илова кард, фирори мағзҳо аз кишвар дар ҳолест, ки ҳазор сол пеш Рӯдакӣ гуфта буд, “Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст”. Баъди ӯ Фирдавсӣ низ таъкид кард, “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад.” Ва бори аввал низ дар таърихи илм Карл Маркс тасдиқ кард, ки воқеан илм натанҳо нерӯ, балки қувваи истеҳсолкунанда низ ҳаст.”
Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон суханони раиси ҲКТ-ро тасдиқ карда, дар хитоб ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улулми кишвар гуфт, тамоми олимони бақувват имрӯз Ватанро тарк кардаанд.