Кумитаи сохтмон гуфт, барои назорати ҳамаи иншоотҳои бунёдшаванда мутахассис надоранд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар пайи афзоши сохтмони биноҳо дар Душанбе аз норасоии мутахассисонашон барои назорати сатҳу сифати биноҳо хабар дод.
Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯзи 14 январ зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, барои назорат кардани ҳамаи биноҳои сохташаванда мутахассис надоранд ва барои ҳалли ин масъала хостори ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор шудаанд: “Назоратчиён намерасанд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара Хадамоти назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ ва Сарраёсати меъмории шаҳри Душанберо вазифадор кардем, як нақшаи муштарак таҳия намуда, ҳамроҳ кор кунанд. Мо ду нерӯро якто карданием, то мушкил бартараф гардад”.
Номбурда иброз дошт, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита масъулинро вазифадор кардааст, дар сурати анҷом наёфтани назорати муаллифӣ ва техникӣ дар иншоот, нисбат ба фармоишгар ва пудратчӣ “чораҳои мушаххас” бияндешанд: “Назорати муаллифиро лоиҳакашҳо худашон рафта назорат мекунанд, то аз рӯи меъёр бошад. Назорати техникӣ аз ҷониби фармоишгар иҷро мешавад”.
Маҳбадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе низ зимни як ҷаласа изҳор дошта буд, барои назорати иншоотҳое, ки дар пойтахт сохта мешаванд, назоратчиён намерасад. Ҷаноби Убайдуллоев дар пасманзари афзоиши босуръати сохтмонҳо имконоти мақомоти дахлдорро барои назорати сатҳу сифати сохтмонҳо нокифоя хонд: “Аз ин лиҳоз, шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муваззаф карда мешаванд, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои масъули соҳа, инчунин бо ҷалби коршиносон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти таъмини назорати эътимоднок, иҷрои босифати корҳои сохтмону васлкунӣ ва истифодаи маҳсулоти сохтмонӣ Барномаи махсусро бо омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон бояд назорати санитарию эпидемиологӣ дар ҷараёни корҳои бунёдӣ, ки дар интиҳо истифодабарандаи дилхоҳ иншоот инсон ва шаҳрванд мебошад, пурзӯр карда шавад.”
Бино ба омори шаҳрдорӣ тайи 11 моҳи соли 2014 дар Душанбе 90 ҳазору 285 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 25,5 дарсад зиёд мебошад.