Баҳси “Об барои ҳаёт” дар суҳбати Аслов бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Патрисия Виверс-Картер, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе мулоқот кардааст.
Тавре дафтари ВУХ-и кишвар хабар медиҳад, ҷонибҳо дар ин дидор масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо ин ниҳоди пулии ҷаҳонӣ, аз ҷумла масоили вобаста ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро баррасӣ кардаанд. Инчунин дар суҳбати Аслов бо Картер дар бораи татбиқи Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ба мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об”, ки бо ташаббуси Душанбе қабул гардидааст, табодули афкор сурат гирифт.