Ноиби Убайдуллоев “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмонро “хандаовар” хонд (ВИДЕО)
Руқия Қурбонова, собиқ ноиби сарвазир ва муовини феълии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иддаои “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизионро “хандаовар” хонда, раҳбарияти ин Кумитаро дар беҳурматӣ нисбат ба судҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад.
Дар матлабе, ки имрӯз, 14-уми январ зери имзои Руқия Қурбонва ба унвонии “Озодагон” ворид шуд, таъкид шудааст, шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд: “Аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад.”
Қурбонова навиштааст, шаҳрдорӣ дилхоҳ баҳсро, ки аз доираи тафоҳум берун аст, дар қазовати мақомоти судӣ мегузорад: “Оне ки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст, “беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард”, хандаовар аст.”
Муовини Убайдуллоев ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва марҳилаҳои болоии додгоҳиро зикр кард, ки тибқи он Кумитаи телевизион уҳдадор шудааст, "ҷиҳати аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳо вобаста ба барқарор кардани шаъну шараф ва эътибори корӣ расман тавассути барномаи "Ахбор"-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон оиди гузориши нодурусти мухбир Абдулваҳҳоби Абдусаттор дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди ба қувваи қонунӣ даромадани Ҳалномаи Суд раддия изҳор намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад".
Қурбонова мегӯяд, тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ шикояти кассатсионии Кумитаи радио ва телевизионро рад карда, ин қарорро бекор гузоштанд: “Аммо новобаста аз муроҷиатҳои чандинкаратаи судиҷроичиён иҷрои санади судии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи Суди ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз таъмин нагардидааст.”
Ба навиштаи собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, таъмин накардани иҷрои санади судӣ на "беғаразӣ"-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати шаҳрдории Душанбе собит месозад, балки аз беэҳтиромии роҳбарияти Кумитаи мазкурро нисбати суд ва мақомоти судӣ шаҳодат медиҳад, “зеро моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки зоҳир намудани беэҳтиромӣ нисбати суд аз тарафи иштирокчиёни парванда ё шаҳрвандоне, ки дар ҷаласаи судӣ ширкат меварзанд, инчунин содир намудани ҳар гуна аъмол аз тарафи ҳар касе, ки аз беҳурматии рӯирост нисбати суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад. Аз ин лиҳоз, таъмини иҷрои ҳалномаи судӣ иртиботе ба шаҳрдорӣ надорад, барои ҳифзи эътибор ва мустақилият мақомоти судӣ бояд худ акнун чораандешӣ кунад.”
Руқия Қурбонова дар ниҳоят таъкид намудааст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе инро ба виҷдону имони раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор месозад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки ахиран Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон роҳандозии маъракаи густурдаи иттилоотӣ алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанберо дар телевизионҳои давлатӣ рад кард. Раиси Кумитаи радио ва телевизион рӯзи 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ягон хел маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро гуфта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд: “Чанд бор хостанд барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест. Ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола мекунем. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи нашри маводи танқидӣ аз шаҳри Душанбе бархе аз коршиносон ҳадс заданд, алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт маъракаи супоришии иттилоотӣ роҳандозӣ шудааст.