Ҷопон барои ҳафт лоиҳа ба Тоҷикистон 700 ҳазор доллар медиҳад
Ҳукумати Ҷопон дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амниятии башарияш ба Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
Ин кӯмаки бебозгаштро мақомоти тоҷик дар пайи имзо кардани 7 созишномаи муштараки Тоҷикистону Ҷопон соҳиб шуданд. Расми имзои он рӯзи 14 январ дар сафорати Ҷопон дар Душанбе сурат пазируфт. Зери лоиҳаҳои нав Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Душанбе ва намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо имзо гузоштаанд. Бар асоси он Токио 7 лоиҳаи зеринро маблағгузорӣ мекунад:
“Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №11 дар деҳаи “Хироб”-и ҷамоати деҳоти “Балҷувон”-и ноҳияи Балҷувон”. Маблағи лоиҳа 98 222 доллар;
“Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №8 дар деҳаи “Сомонобод”-и ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар”. Маблағи лоиҳа 101 245 доллар;
“Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба шаш деҳоти ҷамоати “Лоҳутӣ”, ноҳияи Ховалинг”. Маблағи лоиҳа 99 468 доллар;
“Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба деҳаи “Дархон”-и ҷамоати деҳоти “И.Сомонӣ”-и ноҳияи Ғончӣ”. Маблағи лоиҳа 98 461 доллар;
“Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе”. Маблағи лоиҳа 99 882 доллар;
“Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №25 деҳаи “Зорон”-и ҷамоати деҳоти “Муҷиҳарф”-и ноҳияи Нуробод”. Маблағи лоиҳа 98 151 доллар;
“Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №15 деҳаи “Сабзазор”-и ҷамоати деҳоти “Лангаришоҳ”-и ноҳияи Тоҷикобод”. Маблағи лоиҳа 99 391 доллар.