Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори руҳонии рус
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз боздошти муттаҳам дар куштори Анатолий Мешков, руҳонии хидматгузори ибодатгоҳи шаҳри Нижний Новгород хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ дар куштори Мешков, ки 3-юми январи соли равон сурат гирифтааст, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешавад: "Марҳум боздоштшударо ба хонааш ба кӯчаи Чкалов даъват кардааст, то хонаашро ба ӯ ба иҷора диҳад. Аммо байни онҳо муноқиша сар зада, дар натиҷа муттаҳам руҳониро латукӯб ва бо бутилка куштааст. Дар пайи куштор айбдоршаванда маблағ ва компютери марҳумро гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ҷасади руҳониро ҳамсояаш бе либосҳои болопӯш дарёфт кардааст.”
Анатолий Мешкови 56-сола номзади илмҳои илоҳишиносӣ буда, ба гуфтаи мақомоти Русия феълан тафтишоти парвандаи куштори ӯ идома дорад.