Абдувалӣ Комилзода: Ҳанӯз ҳам изофанависӣ ҳаст
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз миёни ширкатҳои сохтмонӣ ҳолатҳои изофанависӣ ҳаст.
Абдувалӣ Комилзода, раиси ин ниҳод имрӯз, 14 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар соли гузашта зимни санҷишҳо дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ изофанависиро аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ ошкор кардаанд. Ба қавли ҷаноби Комилзода, ҳолатҳои изофанависӣ миёни ширкатҳо дар муқоиса ба як соли пеш коҳиш ва ё зиёд нашудааст: “Лекин мо дар ин масъала, барои роҳ надодан ба изофанависӣ муборизаро пурзӯр мекунем”.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, дар соли 2014 сифати корҳои сохтмонию васлкунии 64 шаҳру навоҳиро санҷидаанд: “Дар натиҷа камбудиҳои мухталиф ошкор гардида, масъулин дар ҳаҷми 643040 сомонӣ ҷарима баста шуданд”.