Содироти метал дар ҳаҷми садҳо миллион $ ба Швейтсария
Швейтсария дар соли 2014 ба калонтарин қабулкунандаи молу маҳсулот аз Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2014 ба маблағи 261 миллион доллари амрикоӣ аз Тоҷикистон ба Швейстария мол содир шудааст: “Содироти мол аз Тоҷикистон соли гузашта 979 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин 27 фоиз ба Швейтсария, 26 фоиз ба Туркия, 18 фоиз ба Қазоқистон, 7 фоиз ба Эрон 6 фоиз ба Русия ва боқимонда ба кишварҳои дигар рост меояд."
Нуриддин Маҳмадов, ноиби раиси Хадамоти гумрук гуфт, ба Швейтсария асосан металҳои қимматбаҳо ва тилло аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ содир шудааст.