Ҳайрати раиси Додгоҳи Олии Иқтисодӣ аз боздошти судяҳои воломақом
Мансурзода Наим, раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон имрӯз, 14 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе боздошти ду корманди ин ниҳодро мояи нигаронӣ хонда, аз ҷилавгирӣ нашудани ҷинояткории онҳо изҳори таассуф кард.
Азимҷон Асроров, котиби Суди олии иқтисодӣ аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасод бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд. Ба иттилои оҷонсӣ, Асроров тобистони соли 2014 барои ба манфиати театри анъанаҳои миллии “Гаҳвора” бекор кардани ҳалномаи Суди иқтисодии Душанбе аз шаҳрвандон- Ҳоҷимуродова, Шокирова ва Толиббекова дар се ҳолат дар маҷмӯъ 52 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст. Ӯ ахиран бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе афв шуд. Инчунин, кормандони Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷалол Исроилов, додраси Додгоҳи олии иқтисодиро барои гирифтани ҳашт ҳазор доллар ришва аз роҳбари хоҷагии деҳқонии “Саидшариф Шарифов”-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастгир карданд.
Мансурзода Наим гуфт, ҳодисаи боздошти кормандони Додгоҳи олии иқтисодӣ дар таърихи ин ниҳод бесобиқа аст. “Ягон маротиба дар таърихи суд чунин набуд. Инҷо камбудии роҳбарият ҳам ҳаст. Мо инкор намекунем, ки пеши инро гирифта натавонистем ва ҳайронем, ки чаро чунин шуд”. Аммо ӯ дар идома афзуд, “ман ин кадрҳоро пешниҳод намекунам ва ҷавоб дода ҳам наметавонам”.