Муроҷиати соҳибкорони узбак ба ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, додугирифти мол бо Узбакистон, ки солҳои охир майли камшавӣ дорад, ояндаи наздик метавонад рӯй ба афзоиш ниҳад.
Нуриддин Маҳмадов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, вақтҳои охир соҳибкорони Узбакистон майли ҳамкорӣ доранд ва дар баробари муроҷиат ба мақомоти Суғд ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ муроҷиат кардаанд: “Онҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ ва омӯзиши бозор ба мо низ муроҷиат намуданд ва хоҳиши ҳамкорӣ доранд.”
Ба гуфтаи Маҳмадов додугирифти мол миёни Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2014 ҳамагӣ 6,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо имкониятҳо хеле ночиз аст. Хадамоти гумурки Тоҷикистон мегӯяд, бо Узбакистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ доранд, ки феълан танҳо 7 гузаргоҳ фаъоланд ва боқимонда ба таври яктарафа дар солҳои гузашта аз ҷониби Узбакистон баста шудаанд. Маҳмадов сабаби басташавии гузаргоҳҳоро гуногун арзёбӣ мекунад ва гузаргоҳи “Айваҷ” дар ҷануби Тоҷикистонро мисол овард, ки ба далели тахриби роҳи оҳани Узбакистон аз кор мондааст.