Кабирӣ ба президенти Академия: Илм ки сиёсӣ шуд, дигар илм нест
Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон аз ин ҳизб имрӯз, 14 январ зимни суханронӣ дар Маҷлиси намояндагон аз президенти Академияи илмҳо хост, илмро аз сиёсат ҷудо намоянд.
Ӯ аснои қабули лоиҳаи қонун “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” гуфт, сиёсат бояд олимона шавад ва дар заминаи илм ташкил ёбад, на ин ки илм дар заминаи сиёсат, “илм ки сиёсӣ шуд, он дигар илм нест”.
Муҳиддин Кабирӣ дар идома аз кормандони соҳаи илм даъват намуд, бештар ба ихтирокорӣ машғул шаванд, зеро ба қавли ӯ, “имрӯзҳо аз фаъолияти илмӣ дида, дар кори онҳо фаъолияти сиёсӣ бештар шудааст”.
Райиси ҲНИТ рӯзи 30 ноябри соли 2014 низ дар вохӯрияш бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия изҳор дошт, бархе аз кормандони академия ва дигар ниҳодҳо, ки аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд, танҳо корашон навиштани мақолаҳои зидди ҳизби ӯ ва руҳониён мебошад: “Ба ҷои он ки корманди академия андешаи нав тавлид кунад як ихтирои ҷадид намояд, мунтазир менишинад, ки як нафар раҳабари ҳизб ё аъзои раёсати наҳзат як мусоҳиба диҳад ва ё мақолае нависад онгоҳ бармехезанду қалам ба даст мегиранд ва навиштанро шурӯъ мекунанд. Магар чунин афродро мешавад корманди соҳаи илм ё академик номид? Магар рисолати академик ё корманди соҳаи илм ҳамин аст? Чунин афрод ҳеҷ рабте ба тоҷику Тоҷикистон надоранд, ҳатто агар дар сатҳи баланди давлат ҳам кор кунанд. Кормандани соҳаи илм бояд ба фикри ихтироъкорӣ бошад, ба фикри тавлиди андешаи нав бошад.”
Дар пайи ин суханон як гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтанд, “мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла Исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти Шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби Шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.”
Дар идома кормандони Академияи улум иддао кардаанд, ки ҲНИТ тавони сохтани ҳуввияти миллии тоҷикро надораду сокинони Тоҷикистон бояд барои аз саҳнаи сиёсат берун кардани он тасмим гиранд. Ба қавли онҳо, гӯиё аҳзоби сиёсии хусусияти исломидошта, ҳамеша боиси нооромии кишварҳо шуда, хатари ҲНИТ ба сокинони Тоҷикистон камтар аз ДИИШ ва Толибон нест.