Раиси Кумитаи сохтмон: Хона дар Душанбе 25-30% арзон шудааст
Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, соли сипаришуда арзиши манзил дар Душанбе коҳиш ёфтааст.
Оқои Комилзода дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба ҳисоби миёна ҳар метри мураббаъ аз 200 то 300 доллар арзон шудааст: “Агар солҳои пеш як метри квадратӣ 800 доллар нарх дошт, ҳоло он то 650 ва дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт 500 доллар нарх дорад”.
Ба қавли раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ поин рафтани нархи манзил ба коҳиши пули муҳоҷирони корӣ ва буҳрони молӣ дар Русия рабт надошта, “дар пайи арзон шудани масолеҳи сохтмонӣ сурат гирифтааст”.
Абдувалӣ Комилзода афзуд, оянда низ дар Тоҷикистон арзоншавии манзил дар назар аст.