Боздошти як хонуми 43-сола барои ташкили фоҳишахона дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боз аз ифшои як фоҳишахона дар пойтахти кишвар хабар дод.
Тавре аз дафтари матбуотии ин ниҳод мегӯянд, “рӯзи 12 январ дар натиҷаи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса муайян намуданд, ки соҳибхоназан Қ.Г. соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои муносибатҳои шаҳвонӣ шароит фароҳам овардааст”.
Ба иттиилои манбаъ, ин нафар ба ивази хизматрасониаш ба шаҳрвандон: А.Ғ. соли таваллудаш 1981 ва Ҳ.З. соли таваллудаш 1986, Р.Х. соли таваллудаш 1960 ва М.Ҳ. соли таваллудаш 1971, сокинони шаҳри Душанбе, аз ҳар ҷуфт 400 сомонӣ гирифтааст: “Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Торнамои Вазорати умури дохилӣ баъди амри Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар бораи баргузории рейдҳо барои ҷилавгирӣ аз фаҳшу фасод дар рӯзи 5 июни соли 2014, пайваста аз ошкор шудани ҳолатҳои таҷовуз ба номуси ноболиғон, фоҳишагарӣ ва даллагию бадахлоқии сокинон хабар медиҳанд.