Суғд: 4 куштор дар як ҳафтаи ахир баъди тавсифи сардори РУД
Танҳо дар як ҳафтаи ахири соли 2015 дар шимоли Тоҷикистон 4 ҳодисаи куштор ба қайд расидааст.
Бино ба иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, рӯзи 11 январ як сокини 25 солаи Хуҷанд хоҳарашро ба қатл расондааст. Манбаъ мегӯяд, Мурод Юлдошев дар пайи муноқишаи оилавӣ ба бадани Дилафрӯзи 34-сола 11 корд задааст. Ҳанӯз ҷузъиёти муноқиша рӯшан набуда, мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Аз ин пештар, рӯзи 7 январ, тахминан соатҳои 19:30, сокини ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара - Бадриддин Шаропови 44-сола, дар хонаи истиқоматиаш, “бинобар хусумати шахсӣ бо истифода аз ноқили барқӣ гулӯи Хизвалоҷон Басирҷонзодаи 20-сола, сокини ҳамин ҷамоатро буғӣ намуда, ба ҳалокат мерасонад”. Рӯзи 5 январ бошад, дар Исфара як зан шавҳарашро бо корд куштааст. Ба ҳамин монанд, дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Мирзоалӣ Мирзоев бо корд ҳамдеҳааш -- Ҳабиб Холбековро ба ҳалокат расондааст.
Сар задани ҳодисаҳои куштор дар ҳолест, ки Назарзода Шариф Раҳмон - сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, зимни нишасти ахири хабариаш гуфт, тайи як соли сипаришуда дар шимоли кишвар 33 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013, 11 адад ё 25 дарсад камтар аст. Ин нишондодро Назарзода Шариф Раҳмон тавсиф намуда, гуфт, чунин коҳишёбии куштор дар 5 соли ахир дар минтақаи вилояти Суғд набуд.
Гуфта мешаад, дар як соли ахир дар қаламрави вилоят дар маҷмўъ 4 ҳазору 488 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2013, 275 адад зиёд мебошад.