Чиниҳо дар Душанбе технологияи мамнуъ истифода мекунанд
Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон эътироф карданд, ки дар корхонаҳои оҳангудозию арматурабарории шаҳри Душанбе, ки аксаран ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд, “технологияи бобоӣ” истифода мешавад, ки дар худи Чин аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб мамнуъ мебошанд.
Чин барои ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯй набудан истифодаи технологияи куҳнаи оҳангудозиро мамнуъ кардааст, аммо соҳибкорони чинӣ истифодаи ин технологияро дар маркази Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд ва шаҳодатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зистро низ дар даст доранд.
Раҳимов Толибҷон,сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе мегӯяд, бо вуҷуди истифодаи технологияҳои куҳна корхонаҳои оҳангудозӣ пойтахтро аз оҳанпораҳо тоза кардаанд. Ӯ гуфт бо мурури ин замон ин корхонаҳо ба далели камбуди ашёи хом аз фаъолият хоҳанд монд: “Дар маҷмуъ 24 корхонаи оҳангудозӣ дар Душанбе фаъолият доштанд, ки то ҳол 17 ададашон аз кор мондаанд. Баъзе бо қарори масъулини ҳифзи муҳити зист ва баъзе ба далели камбуди ашёи хом фаъолият намекунанд. Аз 7 корхонае, ки боз мондаанд, фаъолияти 4 тояш ба далели риоя нашудани меъёрҳои экологӣ боз дошта шудааст. Ин корхона бо мурури замон худашон аз байн хоҳанд рафт.”
Дар мавриди он, ки чӣ гуна Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба истифодаи технологияи мамнуъ иҷозат додааст, Ҷалил Халилов, масъули ин Кумита изҳор дошт, ки дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда тамоми талаботи экологӣ риоя шудааст ва Кумита бо назардошти ин лоиҳаҳо иҷозати фаъолияти корхонаҳои оҳангудозиро додааст. Дар маҷмуъ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти ин корхонаҳо дар доираи меъёрҳои муқарраргардида сурат мегирад.
Дар ҳоле, ки ба иттилои коршиносони экологӣ мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва рангҳо тоза карда шаванд, ки дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст: “Оҳанпораҳо ба воситаи кафшерҳои барқию газӣ ва атсителенӣ пора мегарданд, ки ин ҳам яке аз сарчашмаҳои муҳими ифлосшавии муҳити зисти пойтахт мебошад. Печҳои индуксионӣ, ки дар корхонаҳо истифода мешаванд манбаи дигари заҳролудшавии ҳавои шаҳр арзёбӣ мегарданд.
Ҳадди аққал дар корхонаҳо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ба пуррагӣ насб нашудааст. Таҷхизоти ҳавокашӣ бояд модаҳои заҳролуди даруни корхонаро ҷамъ намуда, таввасути қубурҳои баландиашон 25 - 30 метрӣ берун партояд, то каме ҳам бошад зараррасонӣ ба муҳити атроф камтар шавад».
Тавре сокинони Душанбе ҳам мушоҳида кардаанд, феълан дар корхонаҳои оҳангудозии соҳибкорони чинӣ дар Душанбе аз сабаби набудани ҳавотозакунак ва таҷҳизоти ҳавокашӣ дуди ғализ тавассути тирезаю бомҳои шикастагии сехҳои истеҳсолӣ берун баромада, муҳити зистро ифлос мекунад.