Эълони озмуни Кумитаи дин барои раҳбаладони “Ҳаҷ-2015”
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, ниҳоди танзимкунандаи маросими ҳаҷ дар кишвар ба хотири пайдо кардани роҳбаладон барои маъракаи зиёрати хонаи Худо дар соли 2015 озмун эълон кардааст. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 13 январ дар суҳбат ба “Озодагон” хабар дод.
Оқои Муқим мегӯяд, дар ин озмун афроде метавонанд, иштирок кунанд, ки синашон аз 25 то 60 сол буда, “забони арабиро донад, як маротиба сафари ҳаҷ намуда бошад, аз маносики ҳаҷ ба пуррагӣ огоҳ бошад, малакаи ташкилотчигию кор бо мардумро дошта бошад ва худшиносии миллию таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро дошта бошанд”.
Озмуни Кумитаи дин барои пайдо кардани роҳбаладон ба маъракаи “Ҳаҷ-2015” да ҳолест, ки Абдурраҳим Холиқзода, раиси ин ниҳоди давлатии танзимкунандаи маъракаи ҳаҷ дар Тоҷикистон зимни як ҳамоиши бахшида ба маъракаи “Ҳаҷ-2014” , аз камбудиии бархе роҳбаладон интиқод намуд. Ӯ таъкид дошт, барои роҳнамоӣ дар шаҳр аз зоирин набояд маблағ гирифта шавад ва ин дар шартномаи дутарафа таъкид шудааст.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.