Интерпол президенти фирории Украинаро меҷӯяд
Пулиси байналмилалӣ ё Интерпол мегӯяд, номи Виктор Янукович, раисҷумҳури пешин ва фирории Украинаро дар феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст. Дар ин бора дар иттилоияи Интерпол хабар дода шудааст, ки рӯзи 12 январ тавассути дафтари ин ниҳод дар шаҳри Лиони Фаронса дастраси хабарнигрон гардид.
Ба иттилои манбаъ, номи Янукович бо дархости ҳукумати Украина ба феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯи пулиси байналмилал шомил гардида, дар сурати боздошт ба Ватан истирдод хоҳад шуд. Дар иттилоияи мазкур, раисҷумҳури пешин ва фирории Украина дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ, ҳамдастӣ ва азхудкардану рабудани амволи давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят бузург муттаҳам мешавад. Дар идома пулиси байналмилал аз тамоми афроде, ки дар бораи макони будубоши Янукович маълумот доранд ё метавонанд, кӯмаке кунанд, даъват кардааст, барои боздошт ва бозпас додани ӯ ба Ватанаш ёрӣ расонанд.
Януковичи 65-сола аз моҳи феврали соли 2010 то охирҳои моҳи феврали соли 2014 қудратро дар Украина дар даст дошт. Ӯ дар гузашта ду навбат ба ҳайси нахуствазир интихоб ва ифои вазифа кардааст. Инчунин раҳбарии Шӯрои амнияти миллию дифоъ ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвараш ба шумор мерафт. Дар пайи задухӯрдҳои шаҳри Киев - пойтахти Украина, ки 106 нафар кушта шуданд, аз кишвараш фирор карда, ба Русия паноҳ бурдааст.