Тайи 8 моҳи ахири соли равон, агентии Тоҷикстандарт оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва сифати маҳсулот 3 ҳазору 283 санҷиш ва назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор гузаронидааст, ки дар 929 санҷиш ва назорати давлатӣ камбудиҳо ошкор гардидаанд.
Тавре аз маркази матбуотии агентии мазкур ба хабаргузории « Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин давра 348 партияи маҳсулот бо сабаби ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯ набуданашон, аз сари нав коркард ва қисман нобуд карда шуданд.
Сарчашмаи манбаъ, илова намуд, ки тӯли 8 моҳи ҳамин сол, ба агентии мазкур 596 мактуб, аз ҷумла аз мақомотҳои прокуратура 312, ВКД ва сохторҳои он 132, аз кумитаи давлатии амнияти миллӣ 17, аз агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 25, аз мақомотҳои судӣ 72 ва аз хадамоти гумрук 38 -то ворид гардидааст, ки ба ин мақомотҳо хулосаҳои асоснок пешниҳод гардидааст.{jathumbnail off}