"Бойтарин" футболбоз “Тӯби тилоӣ”-ро бо худ бурд
Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби “Реал”-и Испания маротибаи сеюм ҷоизаи маъруфи “Тӯби тилоӣ”-ро соҳиб гардид. Соли сипаришуда низ ин ҷоизаро ӯ бо худ бурда буд.
Маросими тақдими ин ҷоиза дар Сюрихи Швейтсария баргузор шуд. Роналду бо дарёфти 37,66 дарсади раъй беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф гардид. Лионел Месси, ҳамлагари “Барселона” ва Мануэл Нойер, дарвозабони “Бавария”-и Мюнхен низ ки муддаии “Тӯби тилоӣ” буданд, мутаносибан 15,76% ва 15,72 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Роналду дар рейтинги гаронтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014, ки маҷаллаи Forbes таҳия кардааст, дар ҷои аввал аст. Даромади ӯро маҷалла 73 миллион доллар арзёбӣ мекунад.
Дар ин маросим инчунин Йоахим Лев, сармураббии мунтахаби Олмон беҳтарин тренери сол эълон шуда, ҷоизаи зеботарин гол насиби Хамес Родригес, бозигари “Реал” шуд.
Беҳтаринҳо аз рӯи раъйдиҳии тренерони тимҳои миллӣ, сарвари дастаҳо ва намояндаҳои ВАО муайян мегардад. Ҷоизаи “Тӯби тилоӣ” соли 2010 баъди якҷоя шудани ҷоизаҳои “Тӯби тиллоӣ”-и France Football ва “Бозигари соли ФИФА” таъсис ёфт.