Куштори нафақахӯри 85-сола барои 1900 сомонӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини муваққатии шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар куштори сокини 85-солаи ноҳияи Масчо муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод амалиёти боздошт рӯзе пеш-11-уми январ сурат гирифт, аммо ҷиноят моҳи майи соли 2013 содир шудааст.
Тафтишот муайян кардааст, ки зодаи 37-солаи ноҳияи Шаҳринав, 18-уми майи соли 2013, тахминан соати 23:00 дақиқа дар хонаи зисти муваққатияшон дар Хуҷанд, нафақахӯр Ҳасан Ҳусейнов соли таваллудаш 1930, зодаи ноҳияи Мастчоҳро бо буғӣ карда, куштааст.
Манбаъ мегӯяд, муттаҳам 1900 сомонӣ маблағи нафақахӯри кушташударо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.