Заҳролудшавӣ: Хоби абади навхонадорони 20-сола дар Истаравшан
Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 11-уми январ, бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар шаҳри Истаравшан як ҷуфти ҷавон ба ҳалокат расид.
Тавре манбаи “Озодагон” иттилоъ дод, тақрибан соати 03:00 Шоаюбов Баҳриддин ва ҳамсараш Ҷумаева Махлиё, ки соли таваллуди ҳар дуяшон 1993 мебошад, дар хонаи истиқоматиашон аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар вилояти Суғд, як ҷуфти ҷавони дигар ва дар ноҳияи Ваҳдат аз дуди ангишт як модару 4 кӯдак заҳролуд шуда ба ҳалокат расида буданд. Ба ҳамин минвол теъдоди афроде, ки танҳо дар соли равон аз дуди ангишт ҷон додаанд, беш аз 10 нафарро ташкил медиҳад.