Муовини раиси ноҳияи Ҷ.Румӣ ба Кабирӣ: “Бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард”
Майрамбӣ Ғаффорова, муовини раиси ноҳияи Ҷалоллидин Румӣ имрӯз, 12 январ аснои суханронии Муҳиддин Кабирӣ, райисми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Рӯмӣ, Қубодиён ва Ҷиликул бо нишони эътироз толорро тарк кардааст.
Торнамои ҲНИТ менависад, “вақте Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бояд аз Худованди карим шукргузорӣ кард ва аз миллати тоҷик барои ваҳдат ва бародарӣ шукрона кард, нохост хонум Ғаффорова аз ҷой бархоста, бидуни гирифтани иҷозат суҳбати Кабириро қатъ карда, ба овози баланд гуфт, ки бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард. Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба ӯ гуфт: "Мунтазир бошед, ман то ҳол ҷумлаамро ба итмом нарасондаам. Ҳатман аз Президенти кишвар ва Шумо барои ҳамкорӣ ташаккур мегӯям." Вале хонум Ғаффорова баъди халал ворид кардан ба нишони эътироз конфронсро тарк кард”.
Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс 120 вакил ва 300 меҳмон ширкат кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин конфронс номзадии Абдуқаҳҳори Давлат аз ҳавзаи якмандатии Ҷалолиддин Румӣ, №30 ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, иштирокдорон аз он пуштибонӣ кардаанд.
Абдуқаҳҳори Давлат 5 августи соли 1975 дар деҳаи Панҷсолаи дуюми ноҳияи Колхозобод (Ҷалолиддини Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа (р), факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва факултаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.