Баҳои баланди Президент ба кори милиса дар соли 2014
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба фаъолияти кормандони милиса зимни чорабиниҳои муҳим дар соли 2014 баҳои баланд додааст.
Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми январ зимни ҷаласаи Мушовараи ВКД баён дошт.
Ба иттилои вазир соли 2014 дар ҷумҳурӣ 571 чорабинии муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардид, ки дар 61- тояшон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ иштирок доштааст: “Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, алалхусус ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, сазовори баҳои баланди Сарвари давлат гардиданд.”
Рамазон Раҳимзода, ки роҳбарии Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявиро низ ба уҳда дорад, ба роҳбарон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти таъмини амният изҳори сипос кардааст.