ҲХДТ профессор Одинаевро аз ноҳияи Ҳамадонӣ номзад кард
Профессор Ҳаёт Одинаев, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон барои дарёфти курсӣ дар Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби Ҳизби халқӣ-демократӣ дубора талош хоҳад кард.
Тавре аз дафтари матбуоти ҲХДТ ба “Озодагон” хабар доданд, номзадии Одинаев аз ҷониби ин ҳизб дар ҳавзаи якмандатаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович дар гузашта курсиеро дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ихтиёр дошт ва ибтидои моҳи январи соли 2012 ваколати ваклии ӯ аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон пеш аз муҳлат қатъ шуда, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури кишвар ба курсии раҳбарии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишаст. Аммо бо гузаштаи 8 моҳ дубора бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз ин симат канор рафт.