Дар ин бора зимни як баёнияи ҳукумати шаҳри Душанбе, ки ахиран ба сарварони оҷонсиҳои иттилоотӣ ва расонаҳои электронии кишвар ирсол гардид, омадааст.Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки дар бахшҳои "назарҳо"-и сайтҳои интернетӣ афкор ва назароте мунташир мешаванд, ки ба беэътимодии мардум нисбат ба фаъолияти мақомот дар заминаи танзими нарху наво дар бозорҳои шаҳр доман мезананд. Дар баробари ин аз тамоми раҳбарони расонаҳо ва масъулини сайтҳои интернетӣ даъват мешавад, ки усули озодии баёнро риъоят кунанд ва ба ончӣ ки ба вайроншавии фазои иттилоотӣ бойис мегардад, ҷилавгирӣ кунанд.Саидов, ба муштариёни интернетӣ ва масъулини сомонаҳо тавсия медиҳад, ки барои пайдо кардани иттилои дақиқ дар бораи ҳукумати шаҳр ва фаъолияти он аз сомонаи шаҳрдории Душанбе истифода кунанд.
Тибқи иттилои Шафқат Саидов дар соли равон ҳукумати пойтахт маблағи 20 миллион сомонӣ қарзи бефойиз ба КВД «Савдо ва бозорҳои Душанбе» ҷудо кардааст, ки аз ин миқдор 12 млн сомонӣ барои харидориву захираи ғаллаву орди хушсифати Қазоқистон, 4 млн сомонӣ барои истеҳсолу захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияи кишоварзӣ ва бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4 млн сомонӣ барои воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт масраф шудааст."
Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ки ин тадбирҳо барои дар сатҳи пойин нигоҳ доштани арзиши маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған ва маҳсулоти сӯзишворӣ мусоидат мекунад.