Тахриби кинотеатри “Ватан” ва даъвати Асадулло Раҳмон
Бинои таърихии кинотеатри “Ватан”, ки дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон қомат афрохтааст, тахриб мешавад.
Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфтааст, ба ҷои бинои кинотеатри “Ватан” бинои баландошёнаи муосир бунёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, ин кор бар асоси нақшаи генералии пойтахт сурат хоҳад гирифт: “Кинотеатри “Ватан”, ки дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, мутобиқи Нақшаи генералӣ вақтҳои наздик аз байн бурда, дар ҷойи он бинои серошёнаи муосир бунёд мешавад, ки ошёнаи якуми он кинотеатри нав хоҳад дошт.”
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аз сокинон хостааст, то бунёди бинои нав ва фаъол шудани кинотеатр дар ошёнаи якуми он филмҳоро дар кинотеатри ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ тамошо кунанд.
Соли 2009 бар асоси қарори Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон кинотеатри “Ватан” барои 12 сол дар ихтиёри шабакаи телевизионии “Сафина” гузошта шуд.