Дар Суғд беш аз 70 ҳазор “Coca-Cola”-у “Fanta”-ро ба хок рехтаанд
Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд мегӯяд, давоми як соли сипаришуда беш аз 70 ҳазор нӯшокиҳои ташнашикани “Coca-Cola” ва “Fanta”-и истеҳсоли Қазоқистон ба таври рехтан ва ё ба хок омехта кардан, нобуд шудааст. Далели ин амал ба гузаштани муҳлати истеъмоли ин нушокиҳо унвон мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, тайи 12 моҳи соли 2014 бо қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ду маротиба нушокиҳои ташнашикан нобуд карда шудаанд: “Бори аввал 40 ҳазору 146 нушокии ташнашикани муҳлати истеъмолашон гузаштаи “Coca-Cola”, “Fanta” ва “Fanta-limonad”-и истеҳсоли Қазоқистон ба маблағи 108 ҳазору 400 сомонӣ, ки ба ҶДММ “Coca-Colaи нӯшокиҳои Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошт ба таври рехтан ва ё ба хок омехта кардан, маҳв карда шуд”. Манбаъ меафзояд, маротибаи дуюм бо ҳамин усул 31 ҳазору 432 адад нӯшокии “Coca-Cola”-и истеҳсоли Қазоқистон нобуд гардид.