ВКД: Зани 39-сола ноболиғи тоҷикро дар Маскав ба танфурӯшӣ водор кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки бо ваъдаи ҷои кори хуб одамонро дар Маскав ба танфурӯшӣ ҷалб мекардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод зимни як амалиёт муайян карда шуд, боздоштшуда аз ҷумла ба ноболиғ Р.У. соли таваллудаш 1997, сокини ш. Хуҷанд вохӯрда, ҷойи кори хуб ваъда карда, ба шаҳри Маскави Русия бурда, ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ин якуми ҳолати аз ҷониби ҳамватанон ба танфурӯшӣ ҷалб намудани занони тоҷик набуда, дар гузашта низ чунин ҳодисаҳо дар Русия, Туркия, кишварҳои Араб ва дигар минтақаҳо ошкор шуда буд.
Аз ҷумла ахиран ниҳодҳои интизомии Гурҷистон хабар доданд, ки дар шаҳри Батумии ин кишвар зани 40-солаи тоҷикро бо номи Заррина А. боздошт кардаанд, ки дар тиҷорати одамон бо роҳи маҷбурӣ муттаҳам мешавад. Дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Гурҷистон гуфта шудааст, ки Заррина 7 декабри соли 2012 аз Тоҷикистон Баргигул Р. (соли таваллудаш 1988)-ро оварда, дар шаҳри Батуми ба танфурӯшӣ водор намудааст. “Тафтишот муайян кард, ки Заррина аз Баргигул шиносномаашро гирифта, маҷбур мекардааст, танфурӯшӣ кунад ва даромадашро аз худ менамудааст”,-омадааст дар иттилоияи ВКД-и Гурҷистон.