Мақомоти амният озодии Раис Худойдодро рад кард
Раис Худойдод, ки моҳиртарин ва хатарноктарин афғони ҷинояткор арзёбӣ шуда, дар пайгарди қонунии пулиси Тоҷикистон қарор дорад, дар боздоштгоҳи раёсати амнияти миллии Афғонистон нигоҳдорӣ мешавад.
Дар ин бора Раёсати амнияти милллии Афғонистон рӯзи 11 январ бо пахши як гузориш хабар дод. Ин гузориш дар пайи овозаҳо оид ба раҳоии Худойдод нашр шуда, дар он “хатарноктарин ҷинояткори афғон” изҳор медорад, ки дар маҳбас аст.
Абдулҳасиб Сиддиқӣ, сухангӯи Раёсати амнияти Афғонистон гуфтааст, Худойдод моҳиртарин ва хатарноктарин ҷинояткор дар таърихи муосири кишвараш буда, раҳбарии чандин шабакаҳои одамрабоӣ ва дуздиҳои мусаллаҳона дар шаҳри Кобулу манотиқи дигарро ба уҳда доштааст. Ба иттилоии амниятиҳои Афғонистон Худойдод ва ду ҳамроҳаш моҳи сентябри соли гузашта дар пайи як амалиёти 36-соатӣ дар яке аз минтақаҳои шаҳри Кобул боздошт шуда буд. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон, Покистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳуввият ва шиносномаҳои қалбакӣ будубош менамудааст.