Нигаронии ВКД аз изҳороти Идораи муфтиёт дар бораи ҳамла ба “Charlie Hebdo”
Вазорати умури дохилии Қирғизистон бо нашри як изҳорот ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”-ро маҳкум карда, аз сокинони кишвараш хостааст, аз додани шарҳу тавзеҳоти беасос ба масоили марбут ба терроризму ифротгароӣ худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод дар изҳороти худ таъкид кардааст, дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон барои сафедкунӣ ва ҳақшумории ҳар гуна ҳамлаҳои террористӣ ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин изҳорот, аз ҷумла омадааст, “Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҳамагуна амалҳои террористиро новобаста аз макон маҳкум карда, таъкид мекунад, ин гуна амалҳо ҳеч гоҳ ҳақ ё сафед намешаванд. Аксари раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавиро маҳкум мекунанд ва ҳеч гуна ҷонибдори куштор ва рехтани хуни ноҳақ намебошад.”
Масъулини ВУД-и Қирғизистон дар идома таъкид кардаанд, сарчашмаи ҳамаи динҳо сулҳ ва ободкорӣ буда, дар миён дини мубини Ислом низ истисно нест: “Мусулмонони воқеӣ ҳеч гоҳ ба ин гуна амал, аз ҷумла зулму истибдод ва рехтани хуни ноҳақ даст намезананд.”
Ин ниҳод аз ҳарфҳои масъулини Идораи муфтиёти Қирғизистон дар бораи омилҳои эҳтимолии ҳамла ба маҷаллаи фаронсавӣ, ки қаблан карикатураҳои Муҳаммад (с)-ро нашр карда буд, шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз сокинони кишвар даъват мекунад, аз додани шарҳу тавзеҳоти беасос ба ҳамлаҳои террористӣ худдорӣ кунанд. Ба иттилои ВУД-и Қирғизистон, масъулини Идораи муфтиёти ин кишвар дар суҳбат бо “kloop.kg” таваҷҷуҳи сокинони кишварро ба он ҷалб кардаанд, ки дар ҳоле ҷомеаи ҷаҳонӣ аз як ҳамлаи террористӣ, ки 12 қурбонӣ барҷой гузошт, нигарон аст, ки дар дигар манотиқи олам миллионҳо нафар аз сокинони осоишта кушта мешаванд, вале нафаре садо баланд намекунад.