Юсуф Қарзовӣ ҳамла ба дафтари “Charlie Hebdo"-ро маҳкум кардааст
Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом ҳамлаи террористӣ ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”-ро, ки 12 кушта бар ҷой гузошт, маҳкум кард.
Ба иттилои расонаҳои қатарӣ, Юсуф Қарзовӣ дар суханронии ахираш гуфтааст, “мо донишмандони уммати исломӣ ҳар амалеро, ки боиси рехтани хуни мардуми бегуноҳу аз байн рафтани онҳо ва паҳн шудани фасод дар рӯи замин мешавад, новобаста ба шахсият ва диёнати иҷрогаронаш ба шиддат маҳкум мекунем.”
Ба гуфтаи Қарзовӣ, дини мубини Ислом ба инсон эҳтиром қоил буда, ҳар гуна душманогарӣ ба ӯро ҳаром медонад ва ҳар амалеро, ки боиси хунрезияш мешавад, гуноҳи бузург хондааст. Зуҳри 7 январи соли равон як гуруҳи мусаллаҳи номаълум ба дафтари кории маҷаллаи ҳаҷвии "Шарлӣ Эбдо" (Charlie Hebdo)-и Фаронса дар Париж ҳамла карданд. Дар пайи ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла, Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд. Дар ин ҳодиса гӯиё ду корманди пулис низ кушта шудаанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла бародарон Шариф ва Сайид Куачӣ гумонбар шуда ва чанд соат қабл хабари аз сӯи мақомоти Фаронса кушта шудани онҳо расонаӣ шуд.
Раисиҷумҳури Фаронса ҳангоми боздид аз макони ҳодиса онро амали террористӣ хондааст. Ин дар ҳолест, ки ноябри соли 2011, ин нашрия тасвирҳои танзомез ба Муҳаммад (с) нашр карда буд, ки бо вокуниши ҷомеаи мусулмонӣ рӯбарӯ шуд ва ба гуфтаи расонаҳои ғарбӣ он замон идораи маҷалла мавриди ҳамла низ қарор гирифта буд.