Шикояти “Тоҷикстандарт” аз фиребкориҳои “Барқи тоҷик” ба ҳукумат
Агентии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, ширкати “Барки тоҷик” зимни пешниҳоди ҳисобкунакҳояш барои санҷиш ба таъхиркорӣ роҳ медиҳад ва ҳатто дар бархе аз ҳолатҳо ин вазифаи худро ба дӯши муштариёнаш мепартояд.
Шукурзода Бахтиёр, директори Агентии «Тоҷикстандарт” имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ба далели саривақт пешниҳод нашудани ҳисобкунакҳо аз ҷониби “Барки тоҷик” нақшаи санҷиши ин ҳисобкунакҳо зиёдтар аз 50% иҷро нагардид.
Ҷурахон Раҳимов, сардори Раёсати таъминоти метрологӣ, воситаҳои ченак ва акредитатсияи Агентӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳисобкунакҳои якфаза бояд дар 8 сол ва ҳисобкунакҳои сефаза дар чор сол як бор бояд аз санҷиш гузаронда шавад. Ӯ таъкид намуд, ки “пешниҳоди ҳисобкунакҳои барқӣ ба уҳдаи “Барқи тоҷик” аст, вале дида мешавад, ки худи муштариён ҳисобкунакҳои барқии худро гирифта, ба Агентӣ меоранд.”
Ба иттилои “Тоҷикстандарт” тибқи нақша бояд “Барқи тоҷик” моҳе 414 ҳисобкунаки сефазагӣ ва 8 ҳазору 337 адад ҳисобкунаки якфазагӣ барои санҷиш пешниҳод мекард, аммо амалӣ накард: “Яке аз мушкилоте, ки ба таъмини саросарии ченаки ягона дар кишвар таъсири манфӣ расонида, ба талафоти нерӯи барқ мусоидат менамояд, ин иҷро нагардидани нақшаи санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ мебошад. Тибқи стандартҳои байналмилалӣ аз се як ҳиссаи талафоти барқ ба санҷиш накардан ва ё корношоям будани воситаҳои ченак вобастагӣ дорад.”
Масъулони “Тоҷикстандарт” инчунин таъкид намуданд, ки дар шабакаҳои барқи Душанбе навъҳои воситаҳои ченаке истифода мешаванд, ки дар Феҳрасти давлатӣ ба қайд гирифт нашудаанд: “Яъне бе иҷозати расмӣ барои истифода дар қаламрави Тоҷикистон солҳост, ки кор фармуда мешаванд, ки ин хилофи талаботи қонун “Дар бораи таъмини ченаки ягона” мебошад”.
Масъулини “Тоҷикстандарт” афзуданд, ки барои роҳ додан ба чунин камбудиҳо ва дағалона вайрон намудани қонунгузорию қоидаҳои метрологӣ се бор ба роҳбарияти “Барки тоҷик” ва ҳукумати Тоҷикистон мактуб ирсол кардааанд: “Ҳукумат ба “Барқи тоҷик” супориш дод, ки камбудиҳоро рафъ кунад, аммо ин мушкилот то ҳол ислоҳ нашудаанд. Бояд масъалаи мазкур дар сатҳи болоӣ баррасӣ ва ҳал шавад.”
Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон 1 миллиону 146 ҳазору 196 муштарӣ ҳисобкунаки барқии якфаза ва аз 26046 муштарӣ ҳисобкунаки сефаза доранд.