Баҳси татбиқи қарордодҳои имзонамудаи Раҳмону Каримов
Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, вохурии Давлатзода бо Шоисломов рӯзи 8 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, “дар фазои анъанавии тафоҳум ва созанда” масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ муҳокима шудааст.
Дафтари матбуоти ВУХ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин дидор таваҷҷуҳи хоса ба татбиқи амалии қарордодҳои сарони ду давлат, ки дар мулоқоти онҳо дар ҳошияи Саммити СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли гузашта ба миён омада буд, зоҳир кардаанд.
Ҷонибҳо ба манзури боз ҳам бештар вусъат бахшидани равобити байни ду кишвари ҳамсоя андешидани як зумра тадбирҳоро дар ин самт мувофиқи мақсад донистаанд.