“Шеързадагӣ” омили ақибмондагии тоҷикон аст?
Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Меҳрон Мувваҳҳид, як сокини Афғонистон “шеързадагӣ”-ро омили аслии ақибмондагӣ ва шикастҳои пайдарпайи тоҷикон гуфтааст.
Ин муаллиф дар матлабе, ки торнамои jomhornews.com-и Афғонистон нашр кардааст, мегӯяд, “гирифтори зеҳнияти шеързада” будани тоҷикон “яке аз авомили фарҳангии ақибмондагӣ, нотавонӣ ва шикастҳои пайиҳами тоҷикон” дар тули таърих мебошад. Ба гуфтаи Меҳрон Мувваҳҳид, тоҷикон дар гузашта бо “зеҳнияти шеързада” шикастҳои зиёдеро таҷриба кардан ва ҳамакнун низ ин ҷараён тағйир накардаааст: “Дар таърихи фарҳанги мо, касоне ҳамчун Буалӣ Сино ва Хоразмиву Берунӣ ва Закариёи Розӣ хеле камшуморанд, аммо Ҳофизҳову Саъдиҳо ва Ҷомиҳо хеле ба фаровонӣ ёфт мешаванд. Бар асоси сухани бархе аз пажӯҳишгарон, дар ҳудуди сӣ ҳазор шоир ба забони форсӣ шеър сурудаанд. Ҳамин акнун, ки мо дар истгоҳи садаи бисту якум нафас мекашем, низ ҷомеаи тоҷикон ба шиддат аз бемории “шеързадагӣ” ранҷ мебарад”.
Хатгардони ин матлаб аз форсӣ ба срилик ва гузоштани он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст. Гуруҳе аз корбарон ба ақоиди муаллифи мақола назари мусбат додаанд, аммо қисми дигар иддаои муаллифро рад кардаву гуфтаанд, тоҷикон “шеързада” нестанд, зеро фосилаи онҳо бо шеър беш аз андоза аст. Исфандиёри Одина, як тан аз корбарон шабакаи иҷтимоӣ, ки дар ин баҳси фейсбукӣ ширкат кардааст, шеърро ба ҳеч ваҷҳ нишони ақибмондагӣ намедонад. Исфандиёри Одина бо баёни ин ки адабиёти форсӣ дар Эрон побарҷосту тамоми ҷаҳон бо эҳтиром ба он таваҷҷуҳ мекунад, меафзояд: “Дар ҳазор соли гузашта агар шеъри форсӣ набуд, забони форсӣ куҷо зинда боқӣ мемонд? Дар натиҷа куҷо мо имрӯз худро тоҷик ва эронӣ ва порсизабон мехондем? Ҳатман мисли Туркияи имрӯзи турк шуда будем ё мисли Мисру Сурия араб шуда будем! Дарвоқеъ ин шеър ва адабиёти форсӣ буда, ки аз масоф бо таҳоҷумҳои пайдарпайи ваҳшиён ба Эронзамин пирӯз аз об даромадааст! Ҳуввият ва фарҳангу ҳастии миллати Эронро ҳамин шеъри форсӣ нигоҳ доштааст ва боз ҳам нигоҳ хоҳад дошт”.
Бархилофи ин назар Эҳсон Зарвон, як корбари дигари шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо тарафдорӣ аз иддаоҳои муаллифи мақола “шеързадагӣ ва мазҳабзадагӣ”-ро боиси ақибмондагии тоҷикон хондааст: “Ман аз ин мақола хеле хушам омад. Дар тамоми таърих шеързадагӣ ва мазҳабзадагӣ аз заминаҳои ақабмондагии мо будаанд. Ин ҳарду ба густариши схоластик (искулостик) дар дину фарҳанг доман задаанд ва хиради мардумро аз гаравидан ба улуми татбиқӣ, амалгароӣ ва ҷустуҷӯ ва ихтирои васоили пешрафти иқтисод, беҳдошт, саноеъ, меъморӣ ва ҳама васоили дигаре, ки зиндагии рӯзмарраи инсонро осон месозад, ба дур нигаҳ доштаанд. Аммо, банда намехоҳам гуфтаҳоям ба унвони мухолифат бо шеър ё мазҳаб таъбир шавад”.
Дар ҳамин ҳол Муҳриддин Низомов, адабиётшиноси тоҷик ва устоди Донигоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин андеша, ки шеър боиси ақибмондагии тоҷикон ё умуман форсизабонон шуда бошад, пояи мустаҳкаме надорад: “Басо кашфиёти илмӣ, андешаҳои ҳикамию ирфонӣ ва адабӣ, ки дар шеъри форсизабонон баён шудааст, далели пешрафти ин миллат аст. Фалсафаи Хайёму Сино, ирфони Саноиву Аттору Мавлоно ва дигарон дар шеър баён ёфтаву ҷаҳонгир шудаанд. Ин масъала мавзӯи баҳси муфассал аст ва он чӣ навиштам, қатрае аз баҳр аст”.
Ризо Баҳромзод, аспиранти риштаи физикаи ҳастаии Донишгоҳи давлатии Маскав ба ном Ломоносов иллати дар ҷодаи техника ва фанҳои дақиқ ақибмондагии тоҷиконро ба “тафаккури гуманитарӣ ва фантазияи шоирӣ” доштани онҳо вобаста дониста таъкид мекунад, ин шакли тафаккур ба “колаби аксарияти намояндаҳои миллати тоҷик хос мебошад”. Бо таъкиди ӯ, “мувозинати байни изҳори эҳсосоту тафаккури ақлиро нигоҳ дошта натавонистем. Яъне, шеър зиёдтар ба эҳсосот ва ҳолати равонии инсон вобаста аст, аз ин сабаб таъсираш ба мардум осонтар ва самараноктар аст. Илм бошад, маҳсули ақлу таҷрибаи амалист ва барои қабул кардан ва ё эҷод сохтан қувваи ақлонии зиёд ва воситаҳои моддӣ (асбобу дастгоҳҳо, маводҳои таҷрибавӣ ва ғайра) зарур аст. Ва мақолаи муаллифи афғон асос дорад, банда дар аксар маворид тарафдораш ҳастам”.
Бо ин ҳол, бархе андешамандон баҳси “шеързадагӣ”-и тоҷикон ва сабаби ақибмондагӣ хондани онро як мавзуи муҳим шумурда мегӯянд, ин баҳс метавонад барои решаҷӯйии омилҳои ақибмондагӣ ва шикастҳои таърихии тоҷикон кӯмак кунад. Зеро ба бовари онҳо суоли асосии ҷомешиносони тоҷик ва андешамандон ин кашф кардани авомиле аст, ки боиси шикаст ва ақибмондагии тоҷикон дар тули таърих будааст.