Рақобати Зарафо Раҳмонӣ ва Маҳмадалӣ Ватанов барои курсӣ дар парлумон
Номзадии Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод гардид.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, номзадии хонум Раҳмонӣ дар конфронси пешазинтихоботии ин ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳавзаи рақами 1 пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи оқои Файзраҳмонов, дар ин конфронс, ки субҳи 9 январ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз 60 вакил 56 нафар бо ҳузури Алиакбар Сафаров - намояндаи Комиссияи ҳавзавии интихобот, Муҳаммадкарими Орзу - муовини раиси ҲНИТ, Муҳаммадҷони Нурӣ - мушовири раиси ҳизб иштирок доштаанд.
Зарафо Раҳмонӣ соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1999 Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ ва соли 2008 факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз ноябри соли 2008 то соли 2011 раиси бахши фарҳанг ва иршоди ҲНИТ, аз соли 2011 то 2012 муовини раиси дастгоҳи ҲНИТ ва аз соли 2012 то имрӯз мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТмебошад. Узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ, узви Иттифоқи журналистони ҶТ ва сарвари ташкилоти ҷамъиятии "Нишот" мебошад.
Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд аст.
Гуфта мешавад, аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳокими кишвар аз ҳавзаи рақами ноҳияи Фирдасӣ номзадии Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон пешниҳод шудааст.