Дарёфти “Макаров” аз сокини 18-солаи Душанбе
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе мегӯяд, як сокини 18-солаи пойтахт бо худ ғайриқонунӣ таппончаи тамғаи “Макаров”-и коршоямро гирифта, гаштугузор мекардааст.
Тибқи иттилои пулис рӯзи 8-уми январ зимни як амалиёт ин ҷавон бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуда, дар баробари “Макаров” аз ӯ инчунин 2-дона тир дарёфт ва мусодира шудааст.
Мақомоти пулис мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.